Тоҷирони Хатлон ва Сурхондарё ба маблағи 26,6 млн доллар созишномаҳо имзо карданд

Дар шаҳри Норак рӯзи 13 август Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон баргузор гардид. Тавре ки дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар кори Форуми мазкур раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ва соҳибкорони ҳарду вилоят иштирок доштанд. Гуфта мешавад, дар Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлон […]

Дар шаҳри Норак рӯзи 13 август Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон баргузор гардид.

Тавре ки дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар кори Форуми мазкур раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ва соҳибкорони ҳарду вилоят иштирок доштанд.

Гуфта мешавад, дар Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё миёни мақомот ва соҳибкорони вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё 23 созишномаи ҳамкорӣ, аз  ҷумла Харитаи роҳ байни ду вилоят ба имзо расид.

Ҳамчунин байни вилоятҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, 15 шартнома барои сармоягузорӣ, 6 шартнома барои молу маҳсулот ба маблағи 26,6 млн доллар ба имзо расонида шуд, ки барои пешравии ду вилояти давлатҳо мусоидат мекунад.

Ҳайати Ӯзбекистон рӯзи 12 август ба вилояти Хатлон ташриф оварда, бо фаъолияти чанде аз корхонаҳои хурди саноатии ин минтақа аз наздик шинос ва аз гармхонаҳои муосир, ёдгориҳои таърихӣ ва заминҳои кишт боздид намуд.

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо зиёда аз 262 млн долларро ташкил дод, ки 32,4% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад. Ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон 97 млн долларро ташкил дода, зиёда аз 165 млн доллар ба воридоти молу маҳсулот аз Ӯзбекистон рост меояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.