Чархболҳои Афғонистон дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд

Рӯзҳои 15-16 июн Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Майкл Эрик Курилла аз Тоҷикистон боздид намуд. Дар доираи сафар ӯ бо президенти ҷумҳурӣ, вазири мудофиа, сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳ, муовини раиси КДАМ Тоҷикистон дидору гуфтушунид намуда, масоили талоши муштарак оид ба таҳкими амнияти марзҳо, рафъи таҳдиду чолишҳои минтақавӣ ва дастгирии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 15-16 июн Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Майкл Эрик Курилла аз Тоҷикистон боздид намуд.

Дар доираи сафар ӯ бо президенти ҷумҳурӣ, вазири мудофиа, сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳ, муовини раиси КДАМ Тоҷикистон дидору гуфтушунид намуда, масоили талоши муштарак оид ба таҳкими амнияти марзҳо, рафъи таҳдиду чолишҳои минтақавӣ ва дастгирии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро баррасӣ кард.

Дар посухи хаттӣ ба саволҳои журналистон дар мавриди ҳадафи сафар ба Тоҷикистон ӯ изҳор намудааст, ки мехост аз аз раҳбарияти Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ назарашонро оид ба мушкилоти таъмини амният бифаҳмад.

Дар бораи баргардонидани чархболҳои Афғонистон, ки дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд, шумори онҳо ва дар робита ба он, ки Ӯзбекистон аллакай тасмим гирифтааст онро баргардонад, Эрик Курилла ба Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои дар ҳолати бехатар нигоҳ доштани онҳо изҳори миннатдорӣ кардааст.

– Ба Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои таъмини бехатарии чархболҳои Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА, ки моҳи августи соли гузашта ба ин ҷо оварда шуда буданд, изҳори миннатдорӣ мекунем. Бо вуҷуди таҳдиду талабҳои чандинкаратаи толибон оид ба баргардонидани онҳо, чархболҳо ба толибон баргардонида намешаванд, зеро ба онҳо тааллуқ надоранд, – иброз доштааст ӯ.

Ба гуфтаи генерали амрикоӣ, ИМА бо ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани тарзи беҳтарини истифодаи пурсамар ва хидматрасонӣ ба чархболҳо гуфтушуниду машварат мекунанд.

– Шояд чанде аз чархболҳоро ба ҳукумати Тоҷикистон диҳем. Ҳоло дақиқ гуфта наметавонам, ки кай, вале ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки ин масъаларо ҳаллу фасл кунем, – илова кардааст Майкл Курилла

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.