Ҷаримаи маъмурияти ошхонае, ки дар он 22 нафар заҳролуд шуда буданд

Роҳбарият ва кормандони ошхонаи “Одилон” дар Исфара, ки чанде пеш 22 нафарро заҳролуд карда буданд, 1 ҳазору 280 сомонӣ ҷарима шуданд. Таҳқиқи ҳодисаи заҳролудшавии мизоҷон дар ин қаҳвахона ба анҷом расида, зимни он муайян гардидааст, ки сабаби заҳролудшавии 22 сокини ин шаҳр бактерияҳои стафилококк будааст. Дар ин бора як нафар аз ҳукумати шаҳри Исфара иттилоъ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Роҳбарият ва кормандони ошхонаи “Одилон” дар Исфара, ки чанде пеш 22 нафарро заҳролуд карда буданд, 1 ҳазору 280 сомонӣ ҷарима шуданд.

Таҳқиқи ҳодисаи заҳролудшавии мизоҷон дар ин қаҳвахона ба анҷом расида, зимни он муайян гардидааст, ки сабаби заҳролудшавии 22 сокини ин шаҳр бактерияҳои стафилококк будааст. Дар ин бора як нафар аз ҳукумати шаҳри Исфара иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, масъулони қаҳвахона барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ дар корхонаҳои хӯроки умумӣ  (моддаи 117-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон) ҷарима шуданд.

Гуфта мешавад, ки ҳоло қаҳвахонаи "Одилон" дубора ба фаъолият оғоз карда, ду тан аз кормандони ин қаҳвахона, ки бемории онҳо сабаба заҳролудшавӣ гардида буд, пас аз табобат ба кор баргаштаанд.

“Ду нафари дигар дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд табобат мегиранд”, – иброз дошт манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки бар асари бемории стафилококк доштани 4 нафар ошпази қаҳвахонаи “Одилон” дар маркази шаҳри Исфара 22 нафар заҳролуд шуда буданд. Бактерия дар хӯриш бо иловаи майонез ошкор шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.