Тоҷикистон аз пешсафҳост: аз лиҳози теъдоди довталабон ба макотиби олии Русия

Қисмати зиёди довталабони хориҷӣ, ки ба макотиби олии Русия дохил шудаанд, намояндагони кишварҳои Осиё мебошанд: Чин, Ветнам, Ҳиндустон. Ба қатори кишварҳои пешсаф инчунин Беларус, Тоҷикистон, Эрон, Ҷумҳурии мардумии Донетск (ҶМД) ва Ҷумҳурии мардумии Луганск (ҶМЛ) шомил шудаанд, хабар медиҳад РБК. Аз ҷумла, теъдоди дохилшудагон ба кампуси Донишгоҳи молиявӣ дар Маскав 604 нафарро ташкил додааст. Аксарияти […]

Қисмати зиёди довталабони хориҷӣ, ки ба макотиби олии Русия дохил шудаанд, намояндагони кишварҳои Осиё мебошанд: Чин, Ветнам, Ҳиндустон. Ба қатори кишварҳои пешсаф инчунин Беларус, Тоҷикистон, Эрон, Ҷумҳурии мардумии Донетск (ҶМД) ва Ҷумҳурии мардумии Луганск (ҶМЛ) шомил шудаанд, хабар медиҳад РБК.

Аз ҷумла, теъдоди дохилшудагон ба кампуси Донишгоҳи молиявӣ дар Маскав 604 нафарро ташкил додааст. Аксарияти довталабон аз кишварҳои хориҷи наздик – Абхозистон, Тоҷикистон, Беларус, Молдова омада, ҳамчунин шаҳрвандони Ветнам, Муғулистон, Гаити ва Чин низ ҳуҷҷат супоридаанд, хабар додаанд аз хадамоти матбуоти ин муассисаи олии таълимӣ.

Тавре ки ба РБК аз дафтари матбуоти кампуси Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди президенти Русия (РАНХиГС) дар Маскав хабар додаанд, шаҳрвандони 29 кишвар, аз ҷумла Чин, Конго, Исроил, Туркия, Эрон, Покистон аризаи барои қабул шудан пешниҳод кардаанд. Барои таҳсил дар академия тибқи квотаи ҳукумати Русия барои хориҷиён зиёда аз 300 ҷой пешниҳод шудааст.

Ректори Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) ба РБК изҳор намудааст, ки аз Чин, Ветнам, Эрон, Афғонистон ва Туркманистон дархостҳо аз ҳама бештар будааст. Ғайр аз ин, 58 нафар барои қабул аз ҶМД, ҶМЛ ва Украина тавсия шудаанд.

Ба гуфтаи Виктор Садовничий, ректори Донишгоҳи давлатии Маскав (МГУ), зиёда аз 80%-и довталабон шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Шарқӣ, Марказӣ ва Ғарбӣ мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, нишондиҳандаҳои довталабони хориҷӣ бо маълумоти соли 2021 қиёс карда мешаванд. Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург назар ба соли 2021 аз донишҷӯёни хориҷӣ тақрибан 20% бештар дархост қабул кардааст, хабар додаанд аз дафтари матбуоти донишгоҳ.

Иван Лобанов, ректори Донишгоҳи иқтисодии Русия (РЭУ) ба номи Г.В.Плеханов изҳор намудааст, ки дар қатори пешсафҳо аз лиҳози теъдоди довталабони хориҷӣ дар ин муассиса шаҳрвандони Ветнам, Украина (бо шумули ҶМД ва ҶМЛ), инчунин Тоҷикистон ва Беларус қарор доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.