Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон 155 млн доллар даромад гирифтанд

Даромади операторони хусусии алоқаи Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ зиёда аз 1,6 млрд сомонӣ (беш аз 155 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 даромад қариб 16% (218 млн сомонӣ) афзудааст. Даромади оператори миллии алоқаи ҷумҳурӣ – “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик” […]

Даромади операторони хусусии алоқаи Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ зиёда аз 1,6 млрд сомонӣ (беш аз 155 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 даромад қариб 16% (218 млн сомонӣ) афзудааст.

Даромади оператори миллии алоқаи ҷумҳурӣ – “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик” ва дигар воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа дар зарфи 7 моҳи соли равон 4,9% афзуда, 97,7 млн сомониро ташкил доданд.

Вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи кишвар дар ин давра 94,3%-ро ташкил дод.

Шумори корбарони Интернет то аввали соли ҷорӣ ҳудуди 3,5 млн нафар ва муштариёни алоқаи мобилӣ беш аз 6,4 млн нафарро ташкил дод, ки 5,5 млн нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.

Айни замон дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон ширкатҳои зерин мавқеи асосӣ доранд: ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline).

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон дар моҳи декабри соли гузашта бори навбатӣ истифодаи беҳад зиёди телефонҳои мобилиро аз ҷониби аҳолӣ мавриди интиқод қарор дод.

Дар паём зикр гардид, ки “тайи 10 соли ахир барои истифодаи алоқаи мобилӣ аҳолии кишвар 30 млдр сомонӣ маблағ харҷ кардааст”.

“Ин қариб 3 млрд доллар аст, – иброз дошт ӯ. – Ин пули кам нест. Бо ин маблағ мо сохтмони неругоҳи Роғунро ба охир расонида метавонистем”.

Сарвари давлат ҳамчунин изҳор дошт, ки аҳолии кишвар ҳамасола ба операторони мобилӣ, ки 90%-ашон ба ширкатҳои хориҷӣ тааллуқ доранд, 3 млрд сомонӣ пардохт мекунад.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳукумат дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ба муштариёне, ки то 15 феврал симкортҳояшонро бо ID-шиносномаҳо ба қайд нагирифтанд, бояд қатъ мешуд.

Лекин 12 феврал ҳукумат ба қарори худ тағйирот ворид намуда, мувофиқи он, муҳлати дубора ба қайд гирифтан то 15 феврали соли 2023 дароз шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.