Футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолони худ аз Ҷопон бозӣ мекунанд

Дастаи наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббии нав Раҳматулло Фузайлов пагоҳ, 23 август аввалин бозии худро дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон (АФӮ) Мираброр Усмонов доир мекунад. Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мусобиқаи гиромидошти хотираи Усмонов, ки аз 22 то 27 август дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, […]

Дастаи наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббии нав Раҳматулло Фузайлов пагоҳ, 23 август аввалин бозии худро дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон (АФӮ) Мираброр Усмонов доир мекунад.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мусобиқаи гиромидошти хотираи Усмонов, ки аз 22 то 27 август дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, тимҳои наврасони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Ҷопон ширкат мекунанд.

Гуфта мешавад, мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Бозиҳо дар варзишгоҳҳои «Ҷар», «Локомотив» ва «Пахтакор» сурат мегиранд.

Ширкат дар мусобиқаи мазкур барои наврасони мо марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад. Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи «Н» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо тимҳои наврасони Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон хоҳанд буд. Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи «Н» аз 5 то 9 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Ҷадвали мусобиқа

Даври 1

22 август (душанбе)

19:00 – Ӯзбекистон (U-16) – Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»

23 август (сешанбе)

16:00 – ТОҶИКИСТОН (U-16) – Ҷопон (U-16). Варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор»

Даври 2

25 август (панҷшанбе)

16:00 – Эрон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16). Варзишгоҳи «Кибрай»

17:00 – Ҷопон (U-16) – Ӯзбекистон (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор».

Даври 3

27 август (шанбе)

15:30 – Ҷопон (U-16) – Эрон (U-16). Варзишгоҳи «Ҷар»

17:00 – Ӯзбекистон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16). Варзишгоҳи «Пахтакор»

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.