Даргирӣ дар марзи Ӯзбекистону Афғонистон. Боздошти 24 марзшикан

Хадамоти марзбонии Ӯзбекистон даргирӣ дар марз бо Афғонистонро тасдиқ кард ва гуфт, 24 марзшикани афғонро боздошт кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ҳудуди ҷазираи Арал Пайғамбари вилояти Сурхондарёи ин кишвар як гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон сарҳади давлатиро убур карда, бо заврақҳо ба ҷазираи мазкур омадаанд. “Вақте гурӯҳи марзбонон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, марзшиканон муқовимат нишон […]

Хадамоти марзбонии Ӯзбекистон даргирӣ дар марз бо Афғонистонро тасдиқ кард ва гуфт, 24 марзшикани афғонро боздошт кардааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ҳудуди ҷазираи Арал Пайғамбари вилояти Сурхондарёи ин кишвар як гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон сарҳади давлатиро убур карда, бо заврақҳо ба ҷазираи мазкур омадаанд.

“Вақте гурӯҳи марзбонон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, марзшиканон муқовимат нишон доданд. Дар пайи амалиёти махсус 24 нафар боздошт гардида, шахсияташон муайян карда мешавад”, – зикр гардидааст дар иттилоия.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳадафи ин гуруҳи марзшиканон ҷамъоварии решаи гиёҳи ширинбия будааст, ки дар ин минтақа зиёд мерӯяд.

Таъкид мегардад, ки айни ҳол ҷазираи марзии Арал Пайғамбари вилояти Сурхондарё таҳти назорати Нерӯҳои марзбонии Ӯзбекистон қарор дорад.

Қаблан Толибон* низ  рух додани чунин ҳодисаро дар марзи Афғонистон ва Ӯзбекистон тасдиқ карда, гуфтанд, ки қазияро таҳқиқ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳаводиси нохуш дар марзи ин ду кишвар набуда, қаблан аз ҷониби Афғонистон ба Ӯзбекистон чандин мушак партоб шуда буд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.