Дар Тоҷикистон ба ҷуз бахши кишоварзӣ, дигар дар ҳама соҳаҳо қарз аз маош зиёд мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон бо дарназардошти бақияи солҳои гузашта ба аввали нимсолаи дуюми соли 2022 ҳудуди 28,5 млн сомонӣ (наздики 2,8 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

“То охири моҳи июни соли 2022 дар муқоиса бо маълумоти охири моҳи майи соли 2022 қарз ба миқдори 431,7 ҳазор сомонӣ (42 ҳазор доллар) ё худ ба андозаи 1,5% зиёд шуд”, – зикр мекунанд дар Агентӣ.

Гуфта мешавад, ба ҷуз бахшҳои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ, дигар дар ҳамаи соҳаҳо афзоиши қарз аз маош ба назар мерасад.

Қарзи нисбатан зиёдтар аз пардохти маош дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок – ҳудуди 15 млн сомонӣ (52,5% аз ҳаҷми умумии қарз) ва дар соҳаи хидматрасонӣ – дар фаъолияти нақлиёт ва нигаҳдории молу маҳсулот – ҳудуди 6,3 млн сомонӣ (22,1%) ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, музди  меҳнати моҳонаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ дар моҳи июн ба ҳисоби миёна 1907 сомонӣ (185 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати нисбатан баланд дар Тоҷикистон ба кормандони бонкҳо ва ширкатҳои суғурта пардохт мешавад, ки маоши миёнаи онҳо ба 5199 сомонӣ (505 доллар) баробар аст.

Музди меҳнати нисбатан пасттарро кормандони бахши кишоварзӣ мегиранд, ки 645 сомонӣ (63 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 июли соли 2022 маоши кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маорифу фарҳанг, варзишу тандурустӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ ба андозаи аз 20 то 25% зиёд карда шуд.

Ҳаҷми минималӣ (ҳадди ақал)-и музди меҳнат барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон имрӯз 600 сомонӣ (57 доллар)-ро ташкил медиҳад. То ин дам ҳаҷми маоши минималӣ дар кишвар ба 400 сомонӣ (38 доллар) баробар буд.

Дар ҳамин ҳол, инчунин зикр кардан бамаврид аст, ки бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, хароҷоти моҳонаи хонаводаҳо барои як узви оила қариб 19% зиёд шудааст.

“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки чӣ қадар дар як моҳ ба хӯрокворӣ хароҷот кардани сокинони пойтахт ва деҳотро муайян кунад.

Мо хароҷоти танҳо маҳсулоти асосии хӯроквориро ҳисоб кардем, истеъмол бо назардошти як нафар ва хароҷот ба оилаи иборат аз 4 кас нишон дода шудааст.

Хароҷоти воқеиро ба мо худи одамон гуфтанд, расмиро (оид ба истеъмол) аз Агентии бехатарии озуқаворӣ гирифтем. Натиҷааш чунин шуд:

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...