Нахустнамоиши “Фурӯғ”. Тасвири зиндагии духтараке бо имконияҳои маҳдуд

26 август дар кинотеатри “Ватан” нахустнамоишии филми бадеии “Фурӯғ” баргузор мегардад. Филм аз ҷониби коргардони ҷавон Одинаи Маҳмад таҳия шуда, муаллифи филмнома Абдулҳай Зокиров ва наворбардор Абдукарим Уроқов мебошад. Филми мазкур аз зиндагии духтараки имконияташ маҳдуд (кар ва гунг) нақл мекунад, ки марги ногаҳонии модар ба ҳолати рӯҳии ӯ таъсири ҷиддӣ расонидааст. Филми “Фурӯғ” давоми […]

26 август дар кинотеатри “Ватан” нахустнамоишии филми бадеии “Фурӯғ” баргузор мегардад. Филм аз ҷониби коргардони ҷавон Одинаи Маҳмад таҳия шуда, муаллифи филмнома Абдулҳай Зокиров ва наворбардор Абдукарим Уроқов мебошад.

Филми мазкур аз зиндагии духтараки имконияташ маҳдуд (кар ва гунг) нақл мекунад, ки марги ногаҳонии модар ба ҳолати рӯҳии ӯ таъсири ҷиддӣ расонидааст.

Филми “Фурӯғ” давоми 8 моҳ наворбардорӣ ва танзим шуда, дар он нақши асосиро Зулайхои 7 – сола иҷро мекунад. Барои иҷрои нақши духтараки имконияташ маҳдуд Зулайхо ду моҳ аз муаллимони забони имо ва ишора дарс гирифтааст.

Ба гуфтаи коргардон “дар аввал мехостанд ба нақши асоси духтараки имконияташ маҳдудро ҷалб кунанд, аммо баъдан бо назардошти душвории кор ҳангоми сабт, аз нияти худ даст кашиданд”.

Гуфтан ба маврид аст, ки солҳои охир коргардонҳои тоҷик бештар ба наворгирии филмҳои кӯтоҳ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, зеро он хароҷоти кам дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.