Муноқишаи тоҷикон дар вилояти Маскав: 2 кас бистарӣ шуд

Муноқишаи лафзӣ назди як қаҳвахона дар шаҳраки Измайловои вилояти Маскав байни гуруҳи мардон ба ҷанҷолу занозанӣ бадал шуда, бар асари он 2 нафар осеб диданд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав. “Пешакӣ муайян карда шудааст, ки муноқишаи лафзӣ байни гуруҳи шаҳрвандон назди қаҳвахона дар шаҳраки Измайлово ба […]

Муноқишаи лафзӣ назди як қаҳвахона дар шаҳраки Измайловои вилояти Маскав байни гуруҳи мардон ба ҷанҷолу занозанӣ бадал шуда, бар асари он 2 нафар осеб диданд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав.

“Пешакӣ муайян карда шудааст, ки муноқишаи лафзӣ байни гуруҳи шаҳрвандон назди қаҳвахона дар шаҳраки Измайлово ба вуқӯъ пайваста, сипас онҳо ба берун мебароянд ва ҷанҷолу занозанӣ мекунанд. Дар натиҷа 2 нафар мардони синни 29 ва 33-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба муассисаи тиббӣ бурда шудаанд”, – гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабаргузории ТАСС изҳор намудаанд, ки ҷанҷолу занозанӣ байни шаҳрвандони Тоҷикистон рух дода, дар он зиёда аз 10 нафар иштирок кардаанд.

Дар Сарраёсати ВКД илова намудаанд, ки барои таҳқиқи минбаъдаи ҳодиса як ҷавони 19-солаи қаблан маҳкумшуда ба шуъбаи пулис оварда шуда, нисбати ӯ парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

“Айни замон барои муайн кардан ва боздошти боқимонда иштирокчиёни муноқишаву занозанӣ тадбирҳо андешида мешаванд”, – гуфтаанд дар Сарраёсати ВКД.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.