Пешниҳоди бекор кардани имтиёзҳои президенти пешин дар Қирғизистон

Женишбек Талгарбеков, вакили порлумони Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки бархе аз имтиёзҳои ду президенти пешин – Сооронбой Жээнбеков ва Роза Отунбоева бекор карда шаванд. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии 24.kg иттилоъ медиҳад. Дар лоиҳаи қонуне, ки ин вакил таҳия кардааст, омадааст, маблағгузории муҳофизати давлатӣ ва ҳаққи истифодаи хадамоти комуналии ду президенти пешин бекор гардад. Вакил ҳамчунин […]

24.kg

Женишбек Талгарбеков, вакили порлумони Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки бархе аз имтиёзҳои ду президенти пешин – Сооронбой Жээнбеков ва Роза Отунбоева бекор карда шаванд. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии 24.kg иттилоъ медиҳад.

Дар лоиҳаи қонуне, ки ин вакил таҳия кардааст, омадааст, маблағгузории муҳофизати давлатӣ ва ҳаққи истифодаи хадамоти комуналии ду президенти пешин бекор гардад. Вакил ҳамчунин пешниҳод кардааст, президентҳои пешин аз истифодаи истироҳатгоҳ ё "дача"-ҳои давлатӣ ва хадамоти алоқа маҳрум гарданд. Вай барои намуна, аз Туркия ва Куриёи Ҷанубӣ мисол овардааст, ки онҳо президентҳои пешин чунин имтиёзе надоранд.

Сооронбой Жээнбеков ва Роза Отунбоева дар Қирғизистон мақоми президенти пешинро доранд. Ба онҳо муҳофизати якумрии давлатӣ, истифодаи истироҳатгоҳи давлатӣ, пардохти 75 дарсади маоши замони президентӣ, инчунин истифодаи ройгони алоқаи мобилӣ дода шудааст.

Пештар як гуруҳ аз фаъолони Қирғизистон бо ҷамъоварии имзо талош доштанд, ки ду президентро аз мақоми президенти пешин маҳрум кунанд.

Ин дар ҳолест, ки президентҳои дигари Қирғизистон – Аскар Акаев, Қурмонбек Боқиев ва Алмосбек Отамбоев мақоми президенти пешинро надоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.