Пешниҳоди бекор кардани имтиёзҳои президенти пешин дар Қирғизистон

24.kg

Женишбек Талгарбеков, вакили порлумони Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки бархе аз имтиёзҳои ду президенти пешин – Сооронбой Жээнбеков ва Роза Отунбоева бекор карда шаванд. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии 24.kg иттилоъ медиҳад.

Дар лоиҳаи қонуне, ки ин вакил таҳия кардааст, омадааст, маблағгузории муҳофизати давлатӣ ва ҳаққи истифодаи хадамоти комуналии ду президенти пешин бекор гардад. Вакил ҳамчунин пешниҳод кардааст, президентҳои пешин аз истифодаи истироҳатгоҳ ё "дача"-ҳои давлатӣ ва хадамоти алоқа маҳрум гарданд. Вай барои намуна, аз Туркия ва Куриёи Ҷанубӣ мисол овардааст, ки онҳо президентҳои пешин чунин имтиёзе надоранд.

Сооронбой Жээнбеков ва Роза Отунбоева дар Қирғизистон мақоми президенти пешинро доранд. Ба онҳо муҳофизати якумрии давлатӣ, истифодаи истироҳатгоҳи давлатӣ, пардохти 75 дарсади маоши замони президентӣ, инчунин истифодаи ройгони алоқаи мобилӣ дода шудааст.

Пештар як гуруҳ аз фаъолони Қирғизистон бо ҷамъоварии имзо талош доштанд, ки ду президентро аз мақоми президенти пешин маҳрум кунанд.

Ин дар ҳолест, ки президентҳои дигари Қирғизистон – Аскар Акаев, Қурмонбек Боқиев ва Алмосбек Отамбоев мақоми президенти пешинро надоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...