Фоҷеа дар Русия. Марги боз се ҷавони тоҷик дар Самара

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, 29 августи сол равон дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Сизрани вилояти Самараи Русия се ҷавони тоҷик ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия аз ҳалокати се ҷавони тоҷик огоҳ буда, ҳамдардии амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамоянд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Русия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтидагон ва осебдидагон изҳори омодагӣ кард.

“Қазияи мазкур таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа қарор дорад",- гуфтанд аз ин ниҳод.

Бори нахуст дар бораи ба садама дучор шудани се ҷавони тоҷик дар ҳудуди ноҳияи Сизрани вилояти Самараи Русия дар километри 925-уми шоҳроҳи М5 “Урал” имрӯз, 29 август ҳомии ҳуқуқ Каримҷон Ёров дар Фейсбук хабар дод.

Ӯ гуфт, ки ҳодиса соати 07:30 имрӯз рух дода, дар натиҷаи ба як фураи тамғаи “MAN” бо қариб 20 тонна орд бархӯрдани мошини сабукрави тамғаи “Киа-Рио” се мусофири мошини сабукрав ҷон бохта, ронанда ва як мусофири дигарашро бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ кардаанд.

“Ба гуфтаи кормандони пулис, ронандаи “Киа” ба сабабҳои ҳанӯз номаълум ба самти муқобили роҳ баромада, ба фураи пур аз орд бархӯрдааст. Зарба чунон сахт буд, ки се мусофири “Киа”, солҳои таваллуди дуяш 2002 ва якеи дигар 1997, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи мошин, соли таваллудаш 1985 ва як мусофири дигари ӯ, соли таваллудаш 2002 ба бемористон интиқол дода шудаанд ва ҳоло дар реаниматсия дар ҳолати вазнин қарор доранд”, – навиштанд расонаҳои русӣ.

Каримҷон Ёров номи 4 нафаре, ки дар пайи ин садама ба ҳалокат расиданд ва ҷароҳат бардоштанд нашр кард:

1.Очилдиев Холбой Файзуллоевич (2002), ноҳияи Носири Хусрав,

2.Шукуров Садирдин Ёрибекович (1977), ноҳияи Шаҳритӯс,

3.Зиёдалиев Аббосҷон Мақсудович (2002), ноҳияи Носири Хусрав,

4.Сангаков Садурдин Наҷмудинович (2002), ноҳияи Рашт.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 28 августи соли равон дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Санк- Петербурги Русия чор ҷавони дигари тоҷик ба ҳалокат расида буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...