Ҳалокати чор ҷавони тоҷик дар шаҳри Санкт – Петербург

Дирӯз, 28 августи соли равон дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Санк- Петербурги Русия чор ҷавони тоҷик ба ҳалокат расидаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” бо тасдиқи ин хабар ҳамдардии худро ба наздикони фавтидагон расонидааст. Дар иҳороти сафорат зикр мегардад, ки Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дирӯз, 28 августи соли равон дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Санк- Петербурги Русия чор ҷавони тоҷик ба ҳалокат расидаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” бо тасдиқи ин хабар ҳамдардии худро ба наздикони фавтидагон расонидааст.

Дар иҳороти сафорат зикр мегардад, ки Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтидагон ҷиҳати интиқол додани ҷасадҳо ба ватан омодааст.

“Қазияи мавриди назар таҳти пайгирии cафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дорад”, -омадаст дар изҳороти сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, расонаҳо аз ҳалокати се ҷавони тоҷик дар як садама дар Санк-Петербург хабар доданд, ки ба навиштаи онҳо, ҳодиса шоми 28 августи соли 2022, соати 20:11, дар дохили базаи меваю сабзавоти маъруф бо номи “Софийская овощебаза” дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия рух додааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи мошини тамғаи “Chevrolet Lanos”, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи мошин набаромада, бо суръати баланд ба як мошини боркаши тамғаи Man бархӯрд.

“Дар ин мошин 5 шаҳрванди Тоҷикистон савор будаанд. Дар натиҷаи садама, ронандаи мошин, ки 23 сол дошт ва ду мусофираш, ки 20 ва 21 сол доштанд, дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, ду мусофири дигари ҳардуяш 21-соларо бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон бурдаанд. Вазъи якеи онҳо миёна ва дуюмӣ вазнин гуфта мешавад”,- хабар дода буданд расонаҳо.

Гуфта мешавад, ки 3 нафар аз фавтидагон  зодагони деҳаи Зарнисор (собиқ Янгӣ-Ариқ) ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) буда, дар яке аз дӯконҳои базаи Софийская ба ҳайси “грузчик” кор мекарданд.

Эҳтимол ному насаби 3 фавтида чунин аст:

1.Худойбердиев Сарвар, соли таваллудаш 1998.

2. Ҳазратқулов Фаррух, соли таваллудаш 2001.

3. Холматов Хушнуд, соли таваллудаш 2002.

Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи соли 2022 аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади беш аз 450  шаҳрванди Тоҷикистонро овардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.