Муваффақтарин муштзани тоҷик барои дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон рақобат мекунад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Муштзани касбии тоҷик Шавкатҷон Раҳимов рӯзи 29 октябр барои дарёфти унвони қаҳрамон тибқи фарзияи (версияи) Федератсияи байнулмилалии бокс (IBF) дар вазни миёнаи сабуки дуюм (то 59 кг) бо намояндаи Британияи Кабир Ҷозеф Кордина қувваозмоӣ мекунад.

Дар ин бора хадамоти матбуоти ширкати промоутерии RCC Boxing Promotions-и Урал хабар медиҳад. Муштзани тоҷик бо ин ширкат қарордод дорад.

Ёдрас мекунем, ки Раҳимов дар ин вазн барои дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон тибқи фарзияи IBF рӯзи 13 сентябри соли 2021 рақобат карда буд. Он вақт ҳарифи ӯ Ҷозеф Диаси амрикоӣ камарбандро аз даст дода, аз 12 раунди қувваозмоӣ мусовӣ натиҷагирӣ шуд. Ба ин тариқ, камарбанд ба ҳеҷ кас насиб нашуд.

Дар мусобиқаҳои бокси касбӣ Раҳимов 17 қувваозмоӣ гузаронида, дар 16-тоаш ғолиб омадааст.

Шавкатҷон Раҳимов 14 августи соли 1994 дар Қӯрғонеппа (феълан – Бохтар) таваллуд шудааст. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кардааст. Се карат қаҳрамони Тоҷикитсон, ғолиб ва ҷоизадори бисёр мусобиқаҳои байнулмилалӣ мебошад.

Айни замон дар шаҳри Екатеринбург иқомат дошта, аз як ширкати промоутерии Русия дар бокси касбӣ намояндагӣ мекунад.

Рақиби ӯ Ҷозеф Кордина соли 1991 дар Уэлс таваллуд шудааст. Кордина 15 қувваозмоӣ гузаронида, дар ҳамааш пирӯзӣ ба даст овардааст. Дар 9 қувваозмоӣ ӯ рақибашро ба нокаут фиристодааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...