Дар Душанбе шумори нақлиёти ҷамъиятӣ зиёд карда шуд

Аз 1 сентябр шумори нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе 41,5% зиёд карда шуд. Дар ин бора аз шуъбаи нақлиёти шаҳрдории Душанбе хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, бо сабаби зиёд шудани теъдоди мусофирон чунин тасмим гирифта шудааст. “Аз 1 сентябр наздики 195 автобус ба хатти ҳаракат баромада, як рӯз пеш шумори онҳо 120 ададро ташкил дода […]

Инна Алишина, Asia-Plus

Аз 1 сентябр шумори нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе 41,5% зиёд карда шуд. Дар ин бора аз шуъбаи нақлиёти шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, бо сабаби зиёд шудани теъдоди мусофирон чунин тасмим гирифта шудааст.

“Аз 1 сентябр наздики 195 автобус ба хатти ҳаракат баромада, як рӯз пеш шумори онҳо 120 ададро ташкил дода буд”, – иттлоъ дод манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки шумори микроавтобусҳо (маршруткаҳо) низ 15% зиёд карда шуд.

“Дар Рӯзи дониш 1 ҳазору 104 адад микроавтобусҳо ба хатсайрҳои пойтахт раҳсипор шуданд”, – гуфт манбаъ.

Дар корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” зикр карданд, ки ин миқдор нақлиёти ҷамъиятӣ барои хидматрасонӣ ба аҳолӣ пурра кофӣ аст.

“Дар сурати минбаъд зиёд шудани теъдоди мусофирон, ба хатсайрҳои серталаб нақлиёти иловагӣ фиристода мешавад”, – иброз доштанд дар корхона.

Дар ҳамин ҳол, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ ва аз ҳад зиёд мусофиргирӣ дар он шикоят мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.