Муваффақтарин муштзани тоҷик барои дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон рақобат мекунад

Муштзани касбии тоҷик Шавкатҷон Раҳимов рӯзи 29 октябр барои дарёфти унвони қаҳрамон тибқи фарзияи (версияи) Федератсияи байнулмилалии бокс (IBF) дар вазни миёнаи сабуки дуюм (то 59 кг) бо намояндаи Британияи Кабир Ҷозеф Кордина қувваозмоӣ мекунад. Дар ин бора хадамоти матбуоти ширкати промоутерии RCC Boxing Promotions-и Урал хабар медиҳад. Муштзани тоҷик бо ин ширкат қарордод дорад. […]

Муштзани касбии тоҷик Шавкатҷон Раҳимов рӯзи 29 октябр барои дарёфти унвони қаҳрамон тибқи фарзияи (версияи) Федератсияи байнулмилалии бокс (IBF) дар вазни миёнаи сабуки дуюм (то 59 кг) бо намояндаи Британияи Кабир Ҷозеф Кордина қувваозмоӣ мекунад.

Дар ин бора хадамоти матбуоти ширкати промоутерии RCC Boxing Promotions-и Урал хабар медиҳад. Муштзани тоҷик бо ин ширкат қарордод дорад.

Ёдрас мекунем, ки Раҳимов дар ин вазн барои дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон тибқи фарзияи IBF рӯзи 13 сентябри соли 2021 рақобат карда буд. Он вақт ҳарифи ӯ Ҷозеф Диаси амрикоӣ камарбандро аз даст дода, аз 12 раунди қувваозмоӣ мусовӣ натиҷагирӣ шуд. Ба ин тариқ, камарбанд ба ҳеҷ кас насиб нашуд.

Дар мусобиқаҳои бокси касбӣ Раҳимов 17 қувваозмоӣ гузаронида, дар 16-тоаш ғолиб омадааст.

Шавкатҷон Раҳимов 14 августи соли 1994 дар Қӯрғонеппа (феълан – Бохтар) таваллуд шудааст. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кардааст. Се карат қаҳрамони Тоҷикитсон, ғолиб ва ҷоизадори бисёр мусобиқаҳои байнулмилалӣ мебошад.

Айни замон дар шаҳри Екатеринбург иқомат дошта, аз як ширкати промоутерии Русия дар бокси касбӣ намояндагӣ мекунад.

Рақиби ӯ Ҷозеф Кордина соли 1991 дар Уэлс таваллуд шудааст. Кордина 15 қувваозмоӣ гузаронида, дар ҳамааш пирӯзӣ ба даст овардааст. Дар 9 қувваозмоӣ ӯ рақибашро ба нокаут фиристодааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.