Филми Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар ҷашнвораи байналмилалии Байконур

Эмомалӣ Сайидзода, Asia-Plus

Филми мустанади Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик таҳти унвони “Аз ҳад калон” («Слишком большой») ба ҷашнвораи филмҳои кӯтоҳи Байконур, ки дар Қазоқистон баргузор мешавад, роҳ ёфт. Дар ин бора масъулини ҷашвора хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, филми "Аз ҳад калон "-и  Абдуллоҳ Ғурбатӣ ягона филм аз Тоҷикистон аст, ки дар баробари 17 филми намояндагони дигар кишварҳо дар ин ҷашнвора намоиш дода мешавад. Худи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳоло дар боздошт қарор дорад.

Филми "Аз ҳад калон" аз сарнавишти кӯдаке бо номи Абдураҳмон қисса мекунад, ки ҳамагӣ  13 сол дошта, бо сабаби тангдастӣ аз дарсу илмомӯзи дур мондааст ва дар бозор аробакашӣ карда, бори зиндагӣ пеш мебарад. Ин наврас мехоҳад мисли дигар ҳамсолонаш дар мактаб таҳсил кунад, аммо фақр ва шароити пасти иҷтимоӣ дар оила ба ӯ ин имкониятро намедиҳад.

Ин филмро тақрибан чор моҳ пеш дар Ӯзбекистон низ, дар доираи як ҷашнвора намоиш дода буданд ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамчун муаллиф ба таври онлайнӣ дар намоиш иштирок ва филмро муаррифӣ карда буд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд. Дар оғоз мақомот ӯро барои итоат накардан ба корманди пулис боздошт карданд, вале баъдан Абдуллоҳ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...