Бозгашти беш аз 700 донишҷӯйи тоҷик аз Қирғизистон

Баъди тақрибан якуним соли бастани марз аз ҷониби Қирғизистон ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 700 донишҷӯйи тоҷик барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон баргаштаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Манбаъ гуфт, аз ҳама бештар донишҷӯёни курсҳои болоӣ хостори идомаи таҳсили худ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Баъди тақрибан якуним соли бастани марз аз ҷониби Қирғизистон ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 700 донишҷӯйи тоҷик барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон баргаштаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, аз ҳама бештар донишҷӯёни курсҳои болоӣ хостори идомаи таҳсили худ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шудаанд.

“То имрӯз ба вазорат зиёда аз 700 муроҷиати хаттии донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Қирғизистон таҳсил менамоянд, ворид шудааст, ки онҳо ба курс ва ихтисоси мувофиқ интиқол дода шуданд”,- гуфтанд аз вазорат.

Ин ниҳод ҳамчунин афзуд, ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки бархе донишҷӯёни ба донишгоҳҳои Тоҷикистон роҳхат гирифта, бо мақсади идомаи таҳсил тариқи давлати сеюм боз ба Қирғизистон сафар кардаанд.

Аз вазорати маориф гуфтанд, ҳамарӯза аз 5 то 10 муроҷиати донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишкадаву донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил менамоянд, ҷиҳати бозпас гирифтани ҳуҷҷатҳои аслӣ ба вазорат ворид мегардад.

“Вобаста ба масъалаи бозпас гирифтани ҳуҷҷатҳои аслии шаҳрвандон, вазорат аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи гурӯҳи корӣ дархост намуд, ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои худ масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ ва пайгирии ҳамаҷониба қарор диҳад”, – иброз намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Ёдовар мешавем, ки 21 майи соли 2021  пас аз даргириҳои мусаллаҳонаи охири моҳи апрели ҳамон сол Қирғизистон марзҳояшро ба рӯйи Тоҷикистон баст. Дар натиҷа, садҳо донишҷӯйи тоҷик натавонистанд барои идомаи таҳсил ба ин кишвар баргарданд.

Ҳарчанд рӯзи 22 октябр муовини раиси Девони вазирон Эдил Байсалов дар “Твиттер” навишта буд, ки  кишвараш сарҳадро барои донишҷӯён аз Тоҷикистон боз кард, аммо донишҷёни тоҷик то кунун наметавонанд ба ин кишвар баргарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.