Филми Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар ҷашнвораи байналмилалии Байконур

Филми мустанади Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик таҳти унвони “Аз ҳад калон” («Слишком большой») ба ҷашнвораи филмҳои кӯтоҳи Байконур, ки дар Қазоқистон баргузор мешавад, роҳ ёфт. Дар ин бора масъулини ҷашвора хабар медиҳанд. Гуфта мешавад, филми "Аз ҳад калон "-и  Абдуллоҳ Ғурбатӣ ягона филм аз Тоҷикистон аст, ки дар баробари 17 филми намояндагони дигар кишварҳо […]

Эмомалӣ Сайидзода, Asia-Plus

Филми мустанади Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик таҳти унвони “Аз ҳад калон” («Слишком большой») ба ҷашнвораи филмҳои кӯтоҳи Байконур, ки дар Қазоқистон баргузор мешавад, роҳ ёфт. Дар ин бора масъулини ҷашвора хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, филми "Аз ҳад калон "-и  Абдуллоҳ Ғурбатӣ ягона филм аз Тоҷикистон аст, ки дар баробари 17 филми намояндагони дигар кишварҳо дар ин ҷашнвора намоиш дода мешавад. Худи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳоло дар боздошт қарор дорад.

Филми "Аз ҳад калон" аз сарнавишти кӯдаке бо номи Абдураҳмон қисса мекунад, ки ҳамагӣ  13 сол дошта, бо сабаби тангдастӣ аз дарсу илмомӯзи дур мондааст ва дар бозор аробакашӣ карда, бори зиндагӣ пеш мебарад. Ин наврас мехоҳад мисли дигар ҳамсолонаш дар мактаб таҳсил кунад, аммо фақр ва шароити пасти иҷтимоӣ дар оила ба ӯ ин имкониятро намедиҳад.

Ин филмро тақрибан чор моҳ пеш дар Ӯзбекистон низ, дар доираи як ҷашнвора намоиш дода буданд ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамчун муаллиф ба таври онлайнӣ дар намоиш иштирок ва филмро муаррифӣ карда буд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд. Дар оғоз мақомот ӯро барои итоат накардан ба корманди пулис боздошт карданд, вале баъдан Абдуллоҳ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.