Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров: Путин ба Тоҷикистон меояд

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Имрӯз, 5-уми сентябр, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар Маскав дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар оғози мулоқот Сергей Лавров аз таркиш дар сафорати Русия дар Кобул ёловар шуда, таъкид намуд, ки “барои таъмини амнияти сафорат ҳамчунин имкон дорад аз хадамоти махсуси Афғонистон истифода кард”.

Сергей Лавров таъкид намуд, ки пас аз таркиши имрӯза “тадбирҳои ҳифзи ҳудуди сафорат пурзӯр карда шуд”.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни ин мулоқот гуфт, ки "яке аз масъалаҳои асосӣ ин сафари расмии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон аст ва омодагиҳо дар ин самт идома дорад".

Ҳамчунин, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба сиёсати муҳоҷират, омодасозии кадрҳо, тадбирҳои муштарак дар соҳаи амнияти биологӣ, аз ҷумла мушкилоти эпидемиологӣ ва амнияти иттилоотӣ сӯҳбат кардаанд.

Гуфта мешавад, дар ин дидор имзои барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2022-2023 дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...