Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров: Путин ба Тоҷикистон меояд

Имрӯз, 5-уми сентябр, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар Маскав дидор ва гуфтугӯ кард. Дар оғози мулоқот Сергей Лавров аз таркиш дар сафорати Русия дар Кобул ёловар шуда, таъкид намуд, ки “барои таъмини амнияти сафорат ҳамчунин имкон дорад аз хадамоти махсуси Афғонистон истифода кард”. Сергей Лавров таъкид намуд, ки […]

Имрӯз, 5-уми сентябр, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар Маскав дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар оғози мулоқот Сергей Лавров аз таркиш дар сафорати Русия дар Кобул ёловар шуда, таъкид намуд, ки “барои таъмини амнияти сафорат ҳамчунин имкон дорад аз хадамоти махсуси Афғонистон истифода кард”.

Сергей Лавров таъкид намуд, ки пас аз таркиши имрӯза “тадбирҳои ҳифзи ҳудуди сафорат пурзӯр карда шуд”.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни ин мулоқот гуфт, ки "яке аз масъалаҳои асосӣ ин сафари расмии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон аст ва омодагиҳо дар ин самт идома дорад".

Ҳамчунин, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба сиёсати муҳоҷират, омодасозии кадрҳо, тадбирҳои муштарак дар соҳаи амнияти биологӣ, аз ҷумла мушкилоти эпидемиологӣ ва амнияти иттилоотӣ сӯҳбат кардаанд.

Гуфта мешавад, дар ин дидор имзои барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2022-2023 дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.