Дар Тоҷикистон мехоҳанд, ки банан ва кивии худро парвариш кунанд

Дар Тоҷикистон оид ба парвариши растаниҳои тропикӣ озмоишҳо гузаронида мешаванд. Боғдорони ҳаваскор аллакай ба парвариши киви ва манго машғуланд. Ба гуфтаи боғпарвар Искандар Розиқов кивиро дар Тоҷикистон метавон дар майдони кушод парвариш намуда, ҳосил ба даст овард. “Парвариши киви дар водии Рашт ва дигар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон қулай аст, зеро ба ин растанӣ ҳавои гарм […]

Дар Тоҷикистон оид ба парвариши растаниҳои тропикӣ озмоишҳо гузаронида мешаванд. Боғдорони ҳаваскор аллакай ба парвариши киви ва манго машғуланд.

Ба гуфтаи боғпарвар Искандар Розиқов кивиро дар Тоҷикистон метавон дар майдони кушод парвариш намуда, ҳосил ба даст овард.

“Парвариши киви дар водии Рашт ва дигар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон қулай аст, зеро ба ин растанӣ ҳавои гарм лозим нест, – чунин мешуморад Розиқов. – Барои манго, банан ва папайи бошад, гармхона лозим аст”.

Ба Искандар Розиқов, ки дар хоҷагии худ киви парвариш намуда, аллакай маззаи ҳосили начандон зиёдашро низ чашидааст, дигарон ҳам пайравӣ карданд.

Ниҳолҳои банан аз Ӯзбекистон оварда мешаванд. Дар ин ҷо ҳам парвариши банан ва папайяро озмоиш мекунанд. Дар сомонаи расмии Вазорати кишоварзии ин кишвар дар бораи парвариши банану манго ва папайя дар Фарғона гузориши махсус нашр шуд.

Дурнамои тиҷорати парвариши банану киви ва мангову папайи дар Тоҷикистон таҳқиқи махсуси олимон ва мутахассисонро тақозо мекунад. Боғпарварони ҳаваскор озмоишҳоро идома медиҳанд.

Ҳанӯз соли 2021 портали интернетии EastFruit дар бораи сохтмони 4 гармхонаи инноватсионӣ дар гидропоника дар Суғд хабар дода буд, ки дар онҳо дар баробари помидору бодиринг ва қаланфури булғорӣ, парвариши банан ҳам ба нақша гирифта шуда буд.

Кишоварзони ноҳияи Спитамен мехостанд, ки дар як гектари гармхона 100 ниҳоли банан шинонида, дар солҳои наздик ҳудуди 45-50 тонна ҳосил гиранд. Банан то ҳол аз хориҷи кишвар оварда мешавад. Парвариши банан дар хоҷагии “Дӯстобод-2” таҷрибаи аввалин дар ин самт хоҳад буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.