Ифтитоҳи боз як мактаби тоҷикӣ дар Ӯзбекистон

Имрӯз, 5-уми сентябр, мактаби тоҷикие, ки мардуми деҳаи Истошони ноҳияи Букаи Ӯзбекистон бунёд кардаанд, расман ифтитоҳ гардид. Дар ин бора Фитрати Ҳикмат, як масъули ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст. "Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони расмии ҳокимияти ноҳияи Бука ширкат варзиданд", – навиштааст Фитрати Ҳикмат. Тибқи иттилои Ф. Ҳикмат сохтмони ин мактаб […]

Имрӯз, 5-уми сентябр, мактаби тоҷикие, ки мардуми деҳаи Истошони ноҳияи Букаи Ӯзбекистон бунёд кардаанд, расман ифтитоҳ гардид. Дар ин бора Фитрати Ҳикмат, як масъули ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст.

"Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони расмии ҳокимияти ноҳияи Бука ширкат варзиданд", – навиштааст Фитрати Ҳикмат.

Тибқи иттилои Ф. Ҳикмат сохтмони ин мактаб тирамоҳи соли 2021 оғоз гардида, моҳи августи соли 2022 ба итмом расид. Дар бунёди ин мактаб беш 3 млн. сомонӣ сарф гардида, ҳамаи ин маблағро сокинони деҳаи Истошон пардохт кардаанд.

Мактаб барои таҳсили 350 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар Ӯзбекистон замони ҳукумати Ислом Каримов шумораи мактабҳои тоҷикӣ ба маротиб кам шуда буд, аммо бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, теъдоди ин мактабҳо зиёд мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.