Русия ва Тоҷикистон гувоҳномаҳои ваксингирии ҳамдигарро эътироф мекунанд

Asia-Plus

Нахуствазири Русия Михаил Мишустин дастур додааст, ки бо Тоҷикистон дар бораи эътирофи дутарафаи гувоҳномаҳои ваксинатсия аз коронавирус созишнома ба имзо расонида шавад. Ин дастур дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ ба нашр расидааст.

“Пешниҳоди Вазорати тандурустии Русия дар бораи эътирофи дутарафаи гувоҳномаҳои ваксинатсия ба зидди бемории сироятии коронавирус (COVID-19) тариқи табодули нотаҳо (ёддоштҳо) байни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон, ки бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти иҷроияи федералӣ мувофиқа карда шуда, пешакӣ бо ҷониби Тоҷикистон низ ҳамоҳанг карда шудааст,  пазируфта шавад”, – зикр мешавад дар амри ҳукумат.

Дар ин робита нахуствазир лоиҳаи ёддошти марбутаи ҷониби Русияро маъқул дониста, ба ВКХ дастур додааст, ки аз номи ҳукумат бо Тоҷикистон табодули ҳуҷҷатҳо анҷом дода шавад.

Мишустин ҳамчунин иҷоза додааст, ки дар сурати зарурат ба лоиҳа тағйироте, ки “хусусияти усулӣ надоранд”, ворид карда шавад.

Мувофиқи лоиҳаи нота, Русия ва Тоҷикистон ба “истифода набурдани маҳдудиятҳои марбут ба паҳншавии сирояти коронавирус нисбат ба дорандагони гувоҳномаҳои ваксингирӣ, ки дар қаламрави ҳар ду кишвар дода шудаанд, инчунин нисбати кӯдакону наврасони синни аз 18-сола поён, ки гувоҳнома надоранд”, уҳдадор мешаванд.

Дар лоиҳа муқаррар шудааст, ки ба ҷуз маълумоти шахсӣ, дар гувоҳномаҳо бояд QR-код бо маълумот дар бораи ваксинаҳои гирифтаи ӯ  зикр шуда бошанд.

Ҳамчунин дар санад зикр мегардад, ки ҳар кадоме  аз тарафҳо метавонад дар ҳама гуна вақт бо расман огоҳ кардани нияти худ амали созишномаи мазкурро пурра ё қисман қатъ намоянд.

Моҳи феврал байни Русия ва Қазоқистон чунин созишнома ба имзо расид.

Охири моҳи август Мишустин ҳамчунин дастур дод, ки дар дар бораи эътирофи дутарафаи гувоҳномаҳои ваксинатсия ба зидди COVID-19 бо Беларус созишнома ба имзо расонида шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...