Таркиш дар назди сафорати Русия дар Кобул. Ду дипломати рус кушта шуданд

Имрӯз, 5-уми сентябр, тахминан соатҳои 11, дар назди сафорати Русия дар шаҳри Кобул таркиши шадид рух додааст, ки дар натиҷаи он наздики 20 нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Дар ин бора рӯзномаи "8-и субҳ"-и Афғонистон хабар медиҳад. Ин рӯзнома менависад “бештари кушта ва захмишудагон донишҷӯёне ҳастанд, ки барои дарёфти виза ба бахши консулгарии сафорати Русия […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Имрӯз, 5-уми сентябр, тахминан соатҳои 11, дар назди сафорати Русия дар шаҳри Кобул таркиши шадид рух додааст, ки дар натиҷаи он наздики 20 нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Дар ин бора рӯзномаи "8-и субҳ"-и Афғонистон хабар медиҳад.

Ин рӯзнома менависад “бештари кушта ва захмишудагон донишҷӯёне ҳастанд, ки барои дарёфти виза ба бахши консулгарии сафорати Русия дар Кобул рафта буданд”.

Манобеи рӯзнома таъйид кардаанд, ки “ҳадафи аслии таркиш бахши консулии сафорати Русия дар Кобул” будааст.

Ҳамчунин, дар паи таркиш “ду дипломати сафорати Русия кушта шудаанд”, хабар медиҳад РИА Новости.

Толибон*, ки ҳукуматро дар Афғонистон як сол ин ҷониб ғасб кардаанд, дар мавриди ин таркиш ҳеҷ шарҳе ироа накардааст.

Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин таркиши пурқурбонӣ давоми чор рӯзи ахир аст. Рӯзи ҷумъа, 2-юми сентябр, дар масҷиди шаҳри Ҳирот таркиши шадид ба амал омад, ки дар натиҷа рӯҳонии шинохта ва ҷонибдори Толибон* Муҷибурраҳмон Ансорӣ ба чанде аз наздикони ӯ ба ҳалокат расиданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.