Русия ва Тоҷикистон гувоҳномаҳои ваксингирии ҳамдигарро эътироф мекунанд

Нахуствазири Русия Михаил Мишустин дастур додааст, ки бо Тоҷикистон дар бораи эътирофи дутарафаи гувоҳномаҳои ваксинатсия аз коронавирус созишнома ба имзо расонида шавад. Ин дастур дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ ба нашр расидааст. “Пешниҳоди Вазорати тандурустии Русия дар бораи эътирофи дутарафаи гувоҳномаҳои ваксинатсия ба зидди бемории сироятии коронавирус (COVID-19) тариқи табодули нотаҳо (ёддоштҳо) байни ҳукуматҳои Русия […]

Нахуствазири Русия Михаил Мишустин дастур додааст, ки бо Тоҷикистон дар бораи эътирофи дутарафаи гувоҳномаҳои ваксинатсия аз коронавирус созишнома ба имзо расонида шавад. Ин дастур дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ ба нашр расидааст.

“Пешниҳоди Вазорати тандурустии Русия дар бораи эътирофи дутарафаи гувоҳномаҳои ваксинатсия ба зидди бемории сироятии коронавирус (COVID-19) тариқи табодули нотаҳо (ёддоштҳо) байни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон, ки бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти иҷроияи федералӣ мувофиқа карда шуда, пешакӣ бо ҷониби Тоҷикистон низ ҳамоҳанг карда шудааст,  пазируфта шавад”, – зикр мешавад дар амри ҳукумат.

Дар ин робита нахуствазир лоиҳаи ёддошти марбутаи ҷониби Русияро маъқул дониста, ба ВКХ дастур додааст, ки аз номи ҳукумат бо Тоҷикистон табодули ҳуҷҷатҳо анҷом дода шавад.

Мишустин ҳамчунин иҷоза додааст, ки дар сурати зарурат ба лоиҳа тағйироте, ки “хусусияти усулӣ надоранд”, ворид карда шавад.

Мувофиқи лоиҳаи нота, Русия ва Тоҷикистон ба “истифода набурдани маҳдудиятҳои марбут ба паҳншавии сирояти коронавирус нисбат ба дорандагони гувоҳномаҳои ваксингирӣ, ки дар қаламрави ҳар ду кишвар дода шудаанд, инчунин нисбати кӯдакону наврасони синни аз 18-сола поён, ки гувоҳнома надоранд”, уҳдадор мешаванд.

Дар лоиҳа муқаррар шудааст, ки ба ҷуз маълумоти шахсӣ, дар гувоҳномаҳо бояд QR-код бо маълумот дар бораи ваксинаҳои гирифтаи ӯ  зикр шуда бошанд.

Ҳамчунин дар санад зикр мегардад, ки ҳар кадоме  аз тарафҳо метавонад дар ҳама гуна вақт бо расман огоҳ кардани нияти худ амали созишномаи мазкурро пурра ё қисман қатъ намоянд.

Моҳи феврал байни Русия ва Қазоқистон чунин созишнома ба имзо расид.

Охири моҳи август Мишустин ҳамчунин дастур дод, ки дар дар бораи эътирофи дутарафаи гувоҳномаҳои ваксинатсия ба зидди COVID-19 бо Беларус созишнома ба имзо расонида шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.