Тоҷикистон пас аз Украина аз рӯи шумори вуруд аз Русия зинаи дуюмро ишғол мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз оғози сол ҳудуди 420 ҳазор нафар аз Русия ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки қариб ду баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад РБК бо истинод ба Идораи омор (Росстат)-и Русия.

Дар ин давра аз Русия ба Украина 79,6 ҳазор, ба Тоҷикистон – 58,4 ҳазор, ба Арманистон – 49 ҳазор, ба Қирғизистон – 43,6 ҳазор, ба Қазоқистон – 40,7 ҳазор ва ба Ӯзбекистон – 38,6 ҳазор нафар рафтаанд.

“Теъдоди аз Русия хориҷшудагон 218,5 ҳазор нафар ё худ 2,1 баробар афзудааст: ҳам аз ҳисоби муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ – 189,0 ҳазор нафар ё худ 2,1 баробар ва ҳам аз ҳисоби хориҷшудагон аз кишварҳои хориҷи дур – 27,6 ҳазор нафар ё худ 2,2 баробар”, – зикр мешавад дар хабар.

Бино ба ҳисобу китоби Росстат, аз оғози сол шумори аҳолӣ дар Русия 480,6 ҳазор ё худ 0,33% кам шудааст.

Барои муқоиса, дар ҳамин давраи соли 2021 шумори аҳолии Русия 307,7 ҳазор нафар ё худ 0,21% кам шуда буд.

Ба ин тариқ, камшавии табиии аҳолии  Русия 383,8 ҳазор нафар (соли гузашта – 421,9 ҳазор)-ро ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ 112 ҳазор нафар аз Русия ба Тоҷикистон омадаанд. Ин нишондиҳандаи дуюм пас аз Ӯзбекистон – 319 ҳазор мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...