Имзои Ёддошти ҳамкорӣ байни Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Туркия

Миёни Палатаҳои савдо ва саноати вилояти Хатлони Тоҷикистон ва шаҳри Коняи Туркия, инчунин минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ва парки техникии “Билишим Вадиси” ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар Туркия. Гуфта мешавад, маросими имзои ёддоштҳо дар доираи боздиди як ҳайати тиҷоратии шаҳри Коня аз ноҳияи Данғара баргузор шуд. Ҳамчунин дар минтақаи озоди […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Миёни Палатаҳои савдо ва саноати вилояти Хатлони Тоҷикистон ва шаҳри Коняи Туркия, инчунин минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ва парки техникии “Билишим Вадиси” ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар Туркия.

Гуфта мешавад, маросими имзои ёддоштҳо дар доираи боздиди як ҳайати тиҷоратии шаҳри Коня аз ноҳияи Данғара баргузор шуд.

Ҳамчунин дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” бо иштироки доираи васеи ширкатҳои Тоҷикистону Туркия, раҳбарияти Кумитаи сармоягузорӣ ва ҳукумати вилояти Хатлон форуми соҳибкорони минтақаҳои ду кишвар ва вохӯриҳои корӣ дар шакли “В2В” доир гардид.

Қобили зикр аст, ки ҳайати кории шаҳри Коня барои дарёфти роҳу воситаҳои нави таҳкими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Сафар бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Анқара ва дигар вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду кишвар роҳандозӣ шуда, то 8 сентябр идома меёбад.

Рӯзи 5 сентябр ҳайат бо вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид кард.

Ғайр аз ин, дар Душанбе миёни ширкатҳои Тоҷикистону Туркия дар шакли “В2В” вохӯрии корӣ баргузор шуд.

Тибқи барномаи сафар, ҳайати Туркия бо иштироки доираи васеи ширкатҳои ду кишвар дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара вохӯриҳо гузаронида, аз корхонаҳои саноатӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ боздид мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.