Бурду бохти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар як соли роҳбарии Аҳмад Масъуд

Теъдоди нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба 3 ҳазор нафар мерасад ва онҳо дар 5 вилояти ин кишвар ҳузури низомӣ доштаанд. Дар ин бора сомонаи ҷабҳа бо нашри нахустин гузориши солонааш хабар медиҳад. Ба иттилоъи ин гузориш, ҷабҳа бо раҳбарии Аҳмад Масъуд “ҳоло дар Панҷшер, Бағлон, Тахор, Каписо ва Парвон амал мекунад”. Ин гурӯҳи муқовимати […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Теъдоди нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба 3 ҳазор нафар мерасад ва онҳо дар 5 вилояти ин кишвар ҳузури низомӣ доштаанд. Дар ин бора сомонаи ҷабҳа бо нашри нахустин гузориши солонааш хабар медиҳад.

Ба иттилоъи ин гузориш, ҷабҳа бо раҳбарии Аҳмад Масъуд “ҳоло дар Панҷшер, Бағлон, Тахор, Каписо ва Парвон амал мекунад”. Ин гурӯҳи муқовимати миллӣ дар мубориза бо Толибон* аз “кушта шудани 715 сарбози Толибон ва 121 узви ҷабҳа дар набардҳои соли гузашта” хабар медиҳад.

Ин ҷабҳа ҳамчунин, ҳукумати Толибонро дар “куштори ғайринизомиён ва сарбозони ҳукумати пешини Афғонистон” муттаҳам карда ва дар ин бора менависад, ки “дар зери сояи ҳукумати Толибон беш аз 2299 нафар, аз ҷумла кӯдакон, занон, рӯзноманигорон, фаъолони шаҳрвандӣ ва сиёсӣ боздошт, шиканҷа ва парронида шудаанд”.

Таъкид мегардад, ки “Толибон аз 15 августи соли 2021 то 15 августи соли 2022 268 нафар ғайринизомӣ дар Панҷшер ва беш аз 515 нафар дар вилояти Бағлонро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо муқовимат тирборон кардаанд”.

Бар асоси ин гузориш, тайи як соли ахир “беш аз 200 ғайринизомӣ дар Тахор, беш аз 320 ғайринизомӣ дар Қандаҳору Ҳилманд ва Урузгон, 112 ғайринизомӣ дар Балх ва 49 ғайринизомӣ дар Қундуз аз тири нерӯҳои Толибон кушта шудаанд”.

Ҷабҳаи муқовимат меафзояд, ки маълумот ва омори ин гузориш бо такя ба манобеъи мӯътамад, солмандон ва сокинони маҳаллӣ, аъзои хонаводаи қурбониён ва фаъолони шаҳрвандӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Дар ин гузориш ҳамчунин, аз боздошт, шиканҷа, зиндон ва муҳокимаи 1700 ғайринизомӣ дар як соли гузашта, ки аз сӯи нерӯҳои Толибон бо баҳонаҳои мухталиф боздошт шудаанд, ёдоварӣ мешавад.

Тазаккур дода мешавад, ки дар соли гузашта “Толибон беш аз 7 ҳазор хонаводаро дар вилоятҳои Панҷшер, Бағлон, Балх, Ғазнӣ ва Сарипул ба далели узвият дар Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва дигар ҷабҳаҳои зидди Толибон маҷбур кардаанд, ки ба муҳоҷират раванд”.

Ин ҷабҳа, дар бахше аз гузориши худ, дар бораи муборизаи занон бар зидди маҳдудиятҳои ҳукумати Толибон менависад, “дар ин муддат беш аз 80 тазоҳурот аз сӯи занон ташкил шуда, беш аз 200 зани эътирозгар боздошт ва мавриди шиканҷаи Толибон қарор гирифтаанд”.

Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон иддаоҳои матраҳшуда дар гузориши Ҷабҳаи муқовимати миллиро таблиғот ва овоза донистааст.

Қаблан намояндагони Толибон иддаои кушта шудани сарбозони собиқ, ғайринизомиён ва дар бархе маворид, даргириҳои нирӯҳояш бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшерро рад намуда ва иддаъо карда буданд, ки ҳоло амнияти саросари Афғонистонро таъмин кардаанд.

Дар соли гузашта созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла Дидбони ҳуқуқи башар, Афви байналмилал ва Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) низ гузоришҳо дар бораи муҳоҷирати иҷборӣ, куштори ғайринизомиён, нопадидшавӣ ва муҳокимаҳои сарбозонро нашр карда буданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.