Роҳбари нави Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ВКХ Тоҷикистон эътимоднома супурд

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Роҳбари навтаъйиншудаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундус Кароблисро қабул кард. Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ инчунин густариши ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд. Гуфта мешавад, Музаффар Ҳусейнзода роҳбари […]

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Роҳбари навтаъйиншудаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундус Кароблисро қабул кард.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ инчунин густариши ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Гуфта мешавад, Музаффар Ҳусейнзода роҳбари нави Намояндагиро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ҷиҳати пешбурди рисолати дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

Ёдрас мекунем, ки Раймундус Кароблис дар ин мансаб Мерилин Йозефсонро иваз кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.