Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон арзон шуд. Мақомот шарҳ доданд

Нархи як қатор маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла орду равған ва шакар дар Тоҷикистон поин рафт. Дар муқоиса бо аввали моҳи август як халтаи 50-килоии орди навъи 1-ум дар ярмаркаҳои Душанбе аз 360 сомонӣ то ба 290 сомонӣ ва то 340 сомонӣ дар бозорҳо арзон шуд. Як халта орди навъи дуюмро вобаста ба истеҳсолкунанда “Тоҷикматлубот” бо […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Нархи як қатор маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла орду равған ва шакар дар Тоҷикистон поин рафт. Дар муқоиса бо аввали моҳи август як халтаи 50-килоии орди навъи 1-ум дар ярмаркаҳои Душанбе аз 360 сомонӣ то ба 290 сомонӣ ва то 340 сомонӣ дар бозорҳо арзон шуд.

Як халта орди навъи дуюмро вобаста ба истеҳсолкунанда “Тоҷикматлубот” бо нархи 230-260 сомонӣ фурӯхта, дар бозорҳо он то 310 сомонӣ нарх дорад.

Як халта орди дурушти истеҳсоли маҳаллӣ 210 сомонӣ арзиш дошта, дар бозорҳо нархи он аз 240 сомонӣ зиёд нест.

Нархи 5 литр равғани растанӣ аз 140 сомонӣ то 125 сомонӣ поин рафта, дар ярмаркаҳо 5 литр равған 110 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Як кило маснуоти макаронӣ дар ярмаркаҳо 7 сомонӣ (дар мағозаҳо – 10-12 сомонӣ), шакар – 9,5 сомонӣ (дар мағозаҳо – 10-11 сомонӣ) фурӯхта мешавад.

Гӯшти гов дар ярмарка 55 сомонӣ (барои 1 кило) ва дар бозор – 63 сомонӣ нарх дорад. Аммо дар ярмаркаҳо гӯшти босифат нест ва онро дар бозор бо арзиши 67-70 сомонӣ харидан мумкин аст.

Сабаби поинравии нарх ба маҳсулоти асосии хӯроквориро мақомот зиёдшавии захира ва воридоти онҳо ва ба маҳсулоти кишоварзӣ – мавсими ҷамъоварии ҳосил маънидод мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.