“Фурсати донистан”: Барои гирифтани нафақа ба куҷо ва бо кадом ҳуҷҷатҳо бояд муроҷиат кард?

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи баромадан ба нафақаи суғуртавӣ аз рӯйи синусолро ба баҳс кашиданд.

Барои ба нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синусол баромадан, дар қонун кадом талаботҳо пешбинӣ шудаанд?

Мувофиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақаи  суғуртавӣ  аз  рӯи  синну сол  барои  мардҳо  ҳангоми расидан ба  синни 63  ва  барои  занҳо  ҳангоми  расидан ба синни 58 аз рӯйи шартҳои зерин таъин карда мешавад:

-иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба пардохти саҳмҳои суғуртавӣ аз ҷониби суғуртакунандаҳо (корфармоён), бевосита аз ҷониби худи шахсони суғурташаванда ё ба ҷойи онҳо;

– мавҷуд будани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ (яъне 25 сол) барои мардҳо ва на камтар аз 240 моҳ (яъне 20 сол) барои занҳо.

Зимнан, ёдовар мешавем, ки ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд ва доимӣ истиқомат мекунанд, нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи синну сол таъин карда мешаванд:

– ба мардҳо – пас аз расидан ба синни 53 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ;

– ба занҳо – пас аз расидан ба синни 48 ва дар сурати доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ.

Барои таъйин намудани нафақа ба мақоми ваколатдори давлатӣ кадом ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда мешаванд?

Номгӯйи ҳуҷҷатҳое, ки барои таъйин намудани нафақа зарур аст, дар моддаи 41-уми Қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» пешбинӣ шудаанд. Барои таъйини нафақаи суғуртавӣ пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин  зарур аст:

– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома ва нусхаи он);

– дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи собиқаи корӣ ва собиқаи суғуртавӣ;

– нусхаи шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси суғуртавӣ;

– маълумот оид ба собиқаи суғуртавӣ;

– дар ҳолатҳои зарурӣ, ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба нафақа.

Дар ҳама ҳолат ба аризаи шахсӣ барои таъини нафақаи суғуртавӣ ё давлатӣ муроҷиатнамуда ду дона расми 3/4 см замима карда мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ ба аризаи шахси муроҷиаткунанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ивазшавии ном, насаб ё номи падар замима карда мешавад.

Ба аризаи  шахсе, ки барои таъйини нафақаи иҷтимоӣ аз рӯйи синну сол муроҷиат менамояд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, синну сол, ҷойи истиқомат ва мансубияти шаҳрвандии ӯ замима карда мешавад.

Ҳангоми бо қарори таъйин намудани нафақа розӣ набудан шаҳрванд ба кадом мақомот ҳуқуқи шикоят карданро дорад?

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013 таҳти №90 Тартиби муроҷиат барои таъини нафақа ва пешбурди ҳуҷҷатҳои нафақавӣ  тасдиқ карда шудааст.

Мувофиқи банди 22-и ин қарор, дар сурати розӣ набудани шаҳрванд аз нафақаи таъйингардида, ӯ метавонад ба сохтори болоии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа бо ариза барои аз нав дида баромадани нафақааш муроҷиат намояд. Агар қарори қабулнамудаи сохтори болоӣ шаҳрвандро қонеъ нагардонад, ӯ метавонад ба суд муроҷиат намояд.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...