Рӯдакӣ дар Боку ва Ганҷавӣ дар Душанбе

Муҷассамаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, асосгузори адабиёти тоҷику форс дар шаҳри Бокуи Озорбойҷон ва пайкараи Низомии Ганҷавӣ, шоир ва мутафаккири тоҷику форси аҳли Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе гузошта мешавад. Дар ин бораи сомонаи расмии ММ МО иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ин тасмим зимни дидори Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соҳиба Ғаффорова, раиси […]

Муҷассамаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, асосгузори адабиёти тоҷику форс дар шаҳри Бокуи Озорбойҷон ва пайкараи Низомии Ганҷавӣ, шоир ва мутафаккири тоҷику форси аҳли Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе гузошта мешавад. Дар ин бораи сомонаи расмии ММ МО иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ин тасмим зимни дидори Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соҳиба Ғаффорова, раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 12 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, гирифта шуд.

Дар ҳамин ҳол, макон ва замони дақиқи гузоштани пайкараи шоирони классик гуфта намедавад.

Таъкид мегардад, ки зимни ин мулоқот ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории байнипарламентӣ, тақвияти робитаҳои дуҷониба дар самти қонунгузорӣ ва дигар масоили мавриди назарро баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯдакӣ нахустин шоири машҳури форсисаро дар давраи Сомониён ва ҳамин тавр, асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс ба ҳисоб меравад. Муҷассаи ӯ дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва чандин кишварҳои дигар гузошта шудааст.

Низомии Ганҷавӣ ҳам аз шоирони маъруфи классики тоҷику форс аст, ки дар қаламрави Озорбойҷони имрӯза таваллуд ва дар шаҳри Ганҷа дафн карда шудааст. Ӯ тамоми осори хешро бо забони форсӣ навишта, гуфта мешавад, ки бо забони турки ҳеҷ чиз наофаридааст.

Дар Озарбойҷон аз Низомии Ганҷавӣ ба ҳайси шоири миллӣ қадрдонӣ мешавад ва бар замми гузоштани муҷассамаҳои ӯ, ҳамчунин дар пули миллӣ ҳам сурати ӯ ҷой дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.