10-уми сентябр дар маҳаллаи Панҷоби шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон муҷассамаи шоири бузурги тоҷику форс Абулқосим Фирдавсӣ қомат афрохт. Дар ин бора рӯзномаи маҳаллии "Овози Самарқанд" хабар медиҳад.
Дар хабар гуфта мешавад, ки ин тандис бо маблағгузории сафорати Эрон дар Ӯзбекистон бунёд шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи ин пайкара вакилони ҳокимияти вилоят, намояндагони депутатҳои халқи вилоят, намояндагони илму фарҳанг, вакилони марказҳои маданию миллӣ ва ходимони ВАО иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки 30 августи соли равон, дар шаҳри Самарқанд, муҷассамаи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, ки чанд сол қабл канда шуда буд, низ дубора эҳё гардид ва бо тантана ифтитоҳ шуд.


