Ҳалокати байкери рус дар Тоҷикистон. Дар параплан парвоз дошт

Дар қаламрави Харангони ноҳияи Варзоб ҳангоми парвоз бо параплан сокини шаҳри Санкт-Петербурги Русия Павел Чернови 38-сола аз он афтодааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷумҳурӣ. Тавре ки зикр шуд, ин ҳодиса рӯзи 10 сентябр рух додааст. Павел тоҷир буда, бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доштааст. Шуғли асосии ӯ тиҷорати дучархаҳо (мотосиклҳо) […]

Дар қаламрави Харангони ноҳияи Варзоб ҳангоми парвоз бо параплан сокини шаҳри Санкт-Петербурги Русия Павел Чернови 38-сола аз он афтодааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷумҳурӣ.

Тавре ки зикр шуд, ин ҳодиса рӯзи 10 сентябр рух додааст. Павел тоҷир буда, бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доштааст. Шуғли асосии ӯ тиҷорати дучархаҳо (мотосиклҳо) будааст.

Ба иттилои манбаъ, соати 11:20 аз корманди пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба навбатдори Кумита хабар расидааст, ки дар кӯҳҳои ин маҳал як шаҳрванди Русия аз параплан ба замин афтодааст.

“Зимни корҳои ҷустуҷӯ маълум шуд, ки ҳангоми парвоз ӯ аз уҳдаи идоракуниии параплан набаромада, ба замин меафтад ва аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Дар параплан ӯ як худаш танҳо будааст”, – зикр карданд дар Кумита.

Дар ин робита, КҲФ ба ҳамаи дӯстдорони навъҳои истироҳати хавфнок хотиррасон менамояд, ки хеле эҳтиёткор буда, қоидаҳои техникаи бехатариро риоя намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамсари марди ҳалокшуда бояд барои интиқоли ҷасади шавҳараш ба ватан ба Тоҷикистон ояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.