Аз рӯи маоши миёна Тоҷикистон аз кишварҳои узви ИИАО хеле қафо мемонад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Музди меҳнати моҳонаи миёнаи номиналӣ дар Тоҷикистон қариб ду баробар камтар нисбат ба кишвари нисбатан камбизоати узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) мебошад.

Маоши моҳонаи миёнаи номиналӣ моҳи июн дар Қирғизистон 365 долларро ташкил додааст, зикр мешавад дар гузориши ИИАО таҳти унвони “Индикаторҳои иҷтимоӣ-демографӣ”.

Гуфта мешавад, маоши миёна дар Қирғизистон дар муқоиса бо моҳи июни соли 2021 ба андозаи 42,5% боло рафтааст, ки нишондиҳандаи баландтарин байни дигар кишварҳои узви Иттиҳод мебошад.

Аз моҳи июни соли 2021 то июни соли равон музди меҳнати миёна дар Арманистон 16,9% (то 556 доллар), Беларус – 12,7% (то 628 доллар), Қазоқистон – 24,1% (то 666 доллар) ва Русия – 12,2% (то 1164 доллар) боло рафтааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, моҳи июн музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ 1907 сомонӣ (185 доллар)-ро ташкил додааст, ки 10,1% зиёдтар нисбат ба моҳи июни соли 2021 аст.

Ёдрас мекунем, ки аз замони таъсиси ИИАО дар соли 2014 ҳукумати Тоҷикистон дар муддати аллакай 8 сол мувофиқи мақсад будани узвият ба Иттиҳодро меомӯзад.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни нишасти матбуотӣ дар моҳи июли соли равон дар ин робита изҳор намуд, ки гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳодро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор додааст.

“Аз рӯи натиҷаи ин корҳо хулосаҳо пешниҳод гардида, бар асоси онҳо ҳукумати қарори ниҳоӣ қабул мекунад", – иброз дошт вай.

Дар ҳамин ҳол, ӯ илова намуд, ки Тоҷикистон “бе ин ҳам дар шаклҳои гуногун бо кишварҳои узви ИИАО ҳамкории густарда дорад”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...