Аз рӯи маоши миёна Тоҷикистон аз кишварҳои узви ИИАО хеле қафо мемонад

Музди меҳнати моҳонаи миёнаи номиналӣ дар Тоҷикистон қариб ду баробар камтар нисбат ба кишвари нисбатан камбизоати узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) мебошад. Маоши моҳонаи миёнаи номиналӣ моҳи июн дар Қирғизистон 365 долларро ташкил додааст, зикр мешавад дар гузориши ИИАО таҳти унвони “Индикаторҳои иҷтимоӣ-демографӣ”. Гуфта мешавад, маоши миёна дар Қирғизистон дар муқоиса бо моҳи июни […]

Музди меҳнати моҳонаи миёнаи номиналӣ дар Тоҷикистон қариб ду баробар камтар нисбат ба кишвари нисбатан камбизоати узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) мебошад.

Маоши моҳонаи миёнаи номиналӣ моҳи июн дар Қирғизистон 365 долларро ташкил додааст, зикр мешавад дар гузориши ИИАО таҳти унвони “Индикаторҳои иҷтимоӣ-демографӣ”.

Гуфта мешавад, маоши миёна дар Қирғизистон дар муқоиса бо моҳи июни соли 2021 ба андозаи 42,5% боло рафтааст, ки нишондиҳандаи баландтарин байни дигар кишварҳои узви Иттиҳод мебошад.

Аз моҳи июни соли 2021 то июни соли равон музди меҳнати миёна дар Арманистон 16,9% (то 556 доллар), Беларус – 12,7% (то 628 доллар), Қазоқистон – 24,1% (то 666 доллар) ва Русия – 12,2% (то 1164 доллар) боло рафтааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, моҳи июн музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ 1907 сомонӣ (185 доллар)-ро ташкил додааст, ки 10,1% зиёдтар нисбат ба моҳи июни соли 2021 аст.

Ёдрас мекунем, ки аз замони таъсиси ИИАО дар соли 2014 ҳукумати Тоҷикистон дар муддати аллакай 8 сол мувофиқи мақсад будани узвият ба Иттиҳодро меомӯзад.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни нишасти матбуотӣ дар моҳи июли соли равон дар ин робита изҳор намуд, ки гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳодро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор додааст.

“Аз рӯи натиҷаи ин корҳо хулосаҳо пешниҳод гардида, бар асоси онҳо ҳукумати қарори ниҳоӣ қабул мекунад", – иброз дошт вай.

Дар ҳамин ҳол, ӯ илова намуд, ки Тоҷикистон “бе ин ҳам дар шаклҳои гуногун бо кишварҳои узви ИИАО ҳамкории густарда дорад”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.