Cоҳибкорони Суғду Фарғона 12 созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд

Дар доираи кори форуми соҳибкорони вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон 12 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд. Дар бораи маблағи созишномаҳо мушаххасан маълумот дода намешавад. Дар форум зикр шуд, ки айни замон дар вилояти Суғд 800 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, […]

Дар доираи кори форуми соҳибкорони вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон 12 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд.

Дар бораи маблағи созишномаҳо мушаххасан маълумот дода намешавад.

Дар форум зикр шуд, ки айни замон дар вилояти Суғд 800 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 300 номгӯи молу маҳсулот истеҳсол мешавад. Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар минтақа имконот зиёд буда, доираҳои тиҷоратӣ метавонанд ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун ривоҷ диҳанд.

Айни замон вилояти Суғд бо зиёда аз 60 кишвари дунё муносибатҳои иқтисодӣ дорад ва ҳаҷми солонаи гардиши савдои хориҷӣ 2,5 млрд долларро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот бо минтақаҳои Ӯзбекистон дар муқоиса бо соли 2017 ду баробар афзуда, дар соли 2021 ба 207,5 млн доллар расид. Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 197 млн доллар баробар шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.