Дар Душанбе бузургтарин Маҷмааи варзишию фароғатии сатҳи байналмилалӣ боз шуд

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имрӯз маросими ифтитоҳи Маҷмааи муосири варзишию фароғатии иборат аз толори муҳташами варзишии “ЮФСИ ҶИМ” (UFC Gym) ва Академияи футболи “Ювентус” баргузор шуд. Дар ин маросим президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ҳузур доштанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маҷмаа аз ҷониби соҳибкори ватанӣ – Раиси […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имрӯз маросими ифтитоҳи Маҷмааи муосири варзишию фароғатии иборат аз толори муҳташами варзишии “ЮФСИ ҶИМ” (UFC Gym) ва Академияи футболи “Ювентус” баргузор шуд. Дар ин маросим президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ҳузур доштанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маҷмаа аз ҷониби соҳибкори ватанӣ – Раиси Шӯрои гурӯҳи ширкатҳои “55 Групп” Даврон Ҷӯраев бо харҷи зиёда аз 30 млн сомонӣ бунёд гардида, аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ назир надорад. 

Гуфта мешавад, Маҷмаа, ки аз се ошёна иборат аст, асосан дорои варзишгоҳи болопӯшида бо ҳуҷраҳои либосивазкунии мардона ва занона, толори машқи бадан бо мағозаи фурӯши хӯрокҳо ва молҳои варзишӣ, маркази фароғатӣ бо меҳмонхона ва қаҳвахона, маркази барқароршавӣ бо толорҳои маҳси бадан, саунаҳои хушку тар ва бунгоҳи тиббӣ мебошад. Дар маҷмаа ҳамзамон толори мураббиён, синфхонаҳо, ҳаммом, сартарошхона, ҷойи шустушӯи либос, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мавҷуд буда, дар як вақт дар ин иншооти варзишӣ барои машқу тамрини зиёда аз 300 нафар шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Таъкид мешавад, ки Шабакаи толорҳои варзишии амрикоии “ЮФСИ ҶИМ” (UFC Gym) соли 2009 таъсис ёфта, бо суръат рушд мекунад ва айни замон дар 32 кишвари дунё, зиёда аз 150 толори расмии худро дорад.

Эмомалӣ Раҳмон аз шароиту имконияти фароҳамгардида дар Академияи Ювентус дар Тоҷикистон, ки нахустин мактаби футболи касбии аврупоӣ барои кӯдакон ба ҳисоб меравад, шинос шуд.

Баландии майдони болопӯшидаи футболи академия 17, дарозиаш 80 ва паҳноиаш 40 метрро ташкил дода, айни замон дар миёни майдонҳои болопӯшидаи академияҳои амалкунандаи “Ювентус” дар ҷаҳон бузургтарин ба ҳисоб меравад.

Дар ин ҷо имконияти ба ду, се ва чор қисм ҷудо кардани майдон фароҳам буда, дар як вақт 4 гурӯҳ таълимгирандагон зери назорати мураббиёни пуртаҷрибаи ватанӣ ва хориҷӣ метавонанд ба машқу тамрин машғул шаванд. Дар майдони футболи академия имконияти баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ миёни бозингарони то 16-сола низ вуҷуд дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.