Қоҳир Расулзода аз Озарбойҷон ва Арманистон хост, ҷангро қатъ кунанд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон зимни суханронии фосилавии хеш дар ҷаласаи ғайринавбатии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) аз давлатҳои Озарбойҷону Арманистон даъват намуд, ки ҷангро қатъ карда, роҳи ҳалли дипломатии ихтилофро ҷустуҷӯ намоянд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Бино бар навиштаи ин хабаргузорӣ, сарвазири мамлакат изҳори итминон кардааст, ки ягона роҳи таъмини сулҳу субот дар минтақа – ин истифодаи муассир аз воситаҳои муколама дар асоси санадҳои қабулгардида мебошад.

“Муҳим аст, ки ба ташаннуҷи минбаъдаи вазъият роҳ дода нашавад ва ҷонибҳо ҳарчи зудтар роҳҳои ҳалли мушкилотро ба маҷрои сиёсиву дипломатӣ баргардонанд”, – иброз доштааст Қоҳир Расулзода.

Гуфтан ҷоиз аст, ки шоми дирӯз, 13-уми сентябр бо дархости Никол Пашинян, сарвазири Арманистон ва дар як вақт, раиси феълии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ҷаласаи ғайринавбатии ин Шӯро дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаласаи мазкур, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 12-ум ба 13-уми сентябр миёни Озарбойҷону Арманистон дар масъалаи Қаробоғи Кӯҳӣ низои мусаллаҳона оғоз шуда, ҳар ду ҷониб ҳамдигарро барои иғвоангезӣ муттаҳам карданд.

Бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона, аз ҳарду ҷониб, ҳудуди 100 нафар кушта шудаву садҳо нафари дигар захм бардоштаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ихтилофи Озарбойҷон ва Арманистон сари масъалаи Қаробоғи Кӯҳи беш аз 30 сол шуд, ки идома дорад ва сари чанд вақт ба низоҳои мусаллаҳона мепечад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...