Қазоқистон маҳдудият ба содироти зироати ғалладона ва ордро бекор кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазорати кишоварзии Қазоқистон чанде пеш, 14 сентябр маҳдудият ба содироти зироати ғалладона ва ордро бекор кард. Вазири кишоварзии ин кишвар Ербол Карашукеев дар ин бора фармони дахлдор имзо кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорат.

“Ба ин тариқ, акнун истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Қазоқистон бидуни маҳдудият гандум ва ордро ба хориҷи кишвар фурӯхта метавонанд”, – омадааст дар хабар.

Хотиррасон мешавад, ки қаблан барои таъмини амнияти озуқавории Қазоқистон тасмим гирифта шуда буд, ки ба содироти гандум ва орд квота ҷорӣ карда шавад.

Аммо пас аз ба эътидол омадани вазъи нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва пешгӯиҳои мусбати ҳосили зироати ғалладона дар Қазоқистон, қарор шуд, ки квота бекор мешавад.

Айни замон дар ҳамаи вилоятҳои кишвар ҷамъоварии ҳосил идома дошта, мувофиқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ, дар 11,3 млн гектар ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, ки 69,8% аз нақшаро ташкил медиҳад.

Ҳудуди 98% аз орду гандуми воридотиро Тоҷикистон аз Қазоқистон мегирад.

Лекин маҳдудияти қаблан ҷоришуда ба интиқол ба кишвари мо ба ҳеҷ гунае таъсир нарасонид, зеро ҳаҷмҳои начандон зиёд харида мешуданд.

Бино ба маълумоти омори расмӣ, давоми моҳҳои январ-июли соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 28 ҳазор тонна орд ва 463 ҳазор тонна гандум ворид шудааст.

Давоми ин моҳҳо воридоти орд ба кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 10% зиёд шуда, воридоти гандум 10,8% кам шудааст.

Дар муқоиса бо моҳҳои январ-июли соли 2021 нархи орди воридотӣ 50% ва гандум – 22% афзудааст.

Ҳиссаи орд дар ҳаҷми умумии воридот ба Тоҷикистон дар ин давра 0,4% ва гандум – 5,6%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба орд 1 млн тонна арзёбӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...