Байни Хуҷанд ва Фарғона хатсайри ҳавоӣ боз мешавад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Намояндагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон ба созиш расиданд. Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки шумори хатсайрҳи автобусҳои мусофирбар низ зиёд карда шавад.

Ин созиш дар доираи форуми тиҷоратии доираҳои кории вилоятҳои Суғд ва Фарғона ҳосил шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона.

Қобили зикр аст, ки масофаи роҳ байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Фарғона 173 километрро ташкил медиҳад.

Дар бораи ҷадвали парвозҳо тариқи ин хатсайр ва арзиши билетҳо ба он маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш як ҳайати вилояти Фарғона ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои ҷашни Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон аз вилояти Суғд боздид намуд.

Дар чаҳорчӯби сафари ин ҳайат форуми тиҷоратии доираҳои кории вилоятҳои Суғд ва Фарғона доир гардида, 12 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар гуфтушунидҳо рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати нассоҷӣ, сохтмон, коркарди пӯсту истеҳсоли пойафзол, бахши кишоварзӣ ва фарҳанг муҳим арзёбӣ шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...