Роҳбари СҶТ: “Хотимаи пандемияи COVID-19 наздик аст”

Asia-Plus

Хотимаи пандемияи COVID-19 наздик аст ва ҷаҳон то ҳол дар чунин шароите қарор надошт, ки бар он пирӯз шавад, изҳор доштааст зимни нишасти матбуотӣ дабири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Адханом Гебрейесус. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

“Ҳафтаи гузашта шумори маълумоти маргҳо аз COVID-19 дар як ҳафта аз ҳама пасттар аз моҳи марти соли 2020 ба қайд гирифта шуд. Мо ҳеҷ гоҳ дар чунин ҳолати мусоиде набудем, ки ба пандемия хотима бахшем. Мо ҳоло ба ҳадаф нарасидаем, лекин хотимаи он наздик аст”, – овардааст хабаргузорӣ гуфтаҳои ӯро.

Роҳбари Созмон аз ҳамаи кишварҳо даъват кардааст, ки ба корҳои 100% ваксинзании гурӯҳҳои бештар ба хавф осебпазир, аз ҷумла кормандони тиббӣ ва шахсони калонсол тақвият бахшанд.

Ба гуфтаи роҳбари СҶТ, дар маҷмӯъ ба 70% фарогирии эмкунии аҳолӣ ноил гардидан зарур аст.

Қаблан доктори улуми тиббӣ Геннадий Онишенко изҳор дошта буд, ки сирояти коронавирус ҳеҷ ҷое гум нашуда, хатари он барои аҳолии тамоми сайёра боқӣ мемонад ва дар ҳамин ҳол, вирус тағйирёбишаро идома дода метавонад.

Онишенко гуфтааст, макони асосии мубориза бо сироят имрӯз дар кишварҳое чун  Чин, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия ҷойгир аст, ки зичии аҳолӣ ва иқлимашон мувофиқ мебошад. Аммо, маълум нест, ки COVID-19 дар оянда чӣ гуна рафтор хоҳад кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...