Зиёрати оромгоҳи Ислом Каримов. Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Самарқанд

Date:

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон сафар кард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд президенти Тоҷикистонро сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов, ҳокими вилояти Самарқанд Фазлиддин Умаров ва дигар намояндагони воломақоми ҳукумати Ӯзбекистон истиқбол гирифтанд.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Ба иттилои манбаъ, ташрифи Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанд аз зиёрати оромгоҳи нахустин президенти Ӯзбекистон шодравон Ислом Каримов оғоз гардид.

Зикр мегардад, ки дар ин маросим президенти Тоҷикистонро намояндагони олимақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамроҳӣ карданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related