Дабири кулли СААД бо котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид кард

Asia-Plus

Субҳи имрӯз дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас дар робита ба шиддат гирифтани вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо котибони Шӯрои амнияти ин кишварҳо телефонӣ гуфтугӯ кард, хабар дод котиботи СААД дар Telegram-канал.

Станислав Зас, Насрулло Маҳмудзода ва Марат Имонқулов зимни гуфтушунид зарурати оташбаси фаврӣ ва баргузор намудани гуфтушунидро байни мақомоти марбута ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият танҳо бо роҳи осоишта таъкид доштанд.

Тавре ки маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар дод, кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар Сарҳади давлатии ҶТ ва ҶҚ то соати 11:10-и 16 сентябри соли 2022 натиҷа надода истодаанд, зеро тарафи Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳонаро идома дода, аз роҳи ҳалли қазия тариқи гуфтушунид сарпечӣ мекунад.  

«Ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд», — омадааст дар иттилоия.

Задахӯрдҳои мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон субҳи имрӯз, 16 сентябр оғоз шуданд.

Дар сар задани муноқиша ҷонибҳо зҳҳамдигарро айбдор мекунанд.

Ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, дар ҷараёни тирпаронӣ аз ҷониби Қирғизистон як марзбони тоҷик ҳалок ва 3 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон аз 18 нафар осебдидагон хабар медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...