Ба кормандоне, ки бо сирри давлатӣ дар Тоҷикистон сарукор доранд, ҷубронпулӣ пардохт мешавад

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи Тартиби пардохти ҷубронпулӣ ба шаҳрвандоне, ки корашон ба сирри давлатӣ алоқманд аст, қарор қабул кард.

“Ҷубронпулии ҳармоҳа ба маоши вазифавӣ (ставкаи тарифӣ) ба шаҳрвандоне, ки бевосита дар мақоми низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо фаъолият менамоянд (минбаъд – кормандони мақоми низоми махфият) ва кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ, ки ба маълумоти дорои сирри давлатӣ ба таври доимӣ сарукор доранд, пардохт карда мешавад”, – омадааст дар санади нашршуда дар портали иттилоотии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, маблағи фоизи ҷубронпулии моҳона ба маошҳои вазифавии (ставкаҳои тарифии) кормандони мақоми низоми махфият ва кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ дар як моҳ 15 фоиз муқаррар карда мешавад.

“Ҷубронпулии моҳона аз рӯзи таъин гардидани шаҳрванд ба мансаби дахлдор дар мақоми низоми махфият, мақоми ваколатдори давлатӣ ва/ё қабули фармоиш дар бораи ба зиммаи корманд вогузор намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои пешбурди коргузории махфӣ аз ҳисоби фонди музди меҳнат тибқи тартиби муқарраргардида пардохт карда мешавад”, – омадааст дар санад.

Ҷубронпулӣ дар ҳолатҳои зерин пардохт мешавад:

– ҳангоми дар рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак қарор доштан;

– ҳангоми таҳсили дарозмуддат;

– ҳангоми вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот то лаҳзаи бартараф намудани онҳо.

Пардохти ҷубронпулӣ пас аз як рӯзи аз вазифа озод шудан ва қатъ шудани рухсат доштани шарванд ба сирри давлатӣ қатъ карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Барномаи давлатии пурзӯр намудани ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шавад.

Барои ин чорабиниҳо то соли 2026 ба сурати умум ҷудо гардидани ҳудуди 15,6 млн сомонӣ (1,5 млн доллар) маблағ пешбинӣ шудааст. Ин маблағҳо аз Буҷети давлатӣ ва “дигар сарчашмаҳо” ҷудо карда мешаванд.

Ҳадафи аслии таҳияи барномаи мазкур тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи маълумоти махфӣ ва маълумот бо дастрасии маҳдуд тариқи шабакаҳои техникӣ унвон мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...