Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба даври финалии Ҷоми футболи Осиё-2023 роҳ ёфт

Asia-Plus

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «I»-и мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023  байни ҷавонон (U-20) зинаи 1-умро ишғол намуда, ба даври финалии ин мусобиқа роҳ ёфт.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, қисми ниҳоии мусобиқот аз 1 то 18 марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, футболбозони тоҷик дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ бар ҳамсолони худ аз Камбоҷа бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои Амадонӣ Камолов ва Бежан Нишонбойзода ба тими мо пирӯзии муҳим оварданд.

Дар ду даври аввал мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозиро бо тими Сингапур муосивӣ (0:0) анҷом дода, дастаи Лубнонро бо ҳисоби калони 4:0 мағлуб карда буданд.

Ёдрас мекунем, ки ҳамаи бозиҳои мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё (U-20) дар гурӯҳи «I» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...