Раиси Суғд ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадӣ маҷрӯҳони даргириҳоро аёдат карданд

Дирӯз, 18 сентябр, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ маҷруҳони даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро, ки дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ ҳастанд, аёдат карданд. Тавре ки дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, зимни аёдат иттилоъ дода шуд, ки бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои табобати сокинони […]

Asia-Plus

Дирӯз, 18 сентябр, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ маҷруҳони даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро, ки дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ ҳастанд, аёдат карданд.

Тавре ки дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, зимни аёдат иттилоъ дода шуд, ки бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои табобати сокинони зарардида табибони варзидаи вилоят ҷалб гардида, беморон бо доруворӣ ва хӯроки гарму ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Гуфта мешавад дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон чанде аз афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ, ки ҷароҳат гирифта буданд, ба табобат фаро гирифта шуданд.

"Вазъи зарардидагон таҳти назорати шабонарӯзии кормандони соҳаи тиб қарор дорад", – навиштааст манбаъ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.