Муфтии Тоҷикистон: “Сарбозони қирғиз барои ҳар қатра хуни рехтаашон дар ин дунё ва дар охират ҷазо мебинанд”

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни қирғиз ба масҷиди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро маҳкум карда, онро як амали золимона унвон кардааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад. “Золим ноком  ва ҳар мағруре мағлуб аст. Золим барои он ноком аст, ки болои инсонҳои осоишта, бесилоҳ, хусусан намозхонони масҷид  тир холӣ мекунад […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни қирғиз ба масҷиди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро маҳкум карда, онро як амали золимона унвон кардааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

“Золим ноком  ва ҳар мағруре мағлуб аст. Золим барои он ноком аст, ки болои инсонҳои осоишта, бесилоҳ, хусусан намозхонони масҷид  тир холӣ мекунад ва ин зулм ҳисобида мешавад. Чаро ки дар он масҷид инсонҳои осоишта қарор доштанд, на одамони силоҳдори равона ба ҷанг. Ин одамон бо мақсаде ба масҷид рафта буданд, ки парвардигорашонро саҷда кунанд ва бо шукргузорӣ барои пойдории сулҳу субот ва осоиштагии Тоҷикистон дуо намоянд”, – иброз доштааст раиси Шӯрои уламои кишвар.

Ӯ гуфтааст, ки низомиёни қирғиз мӯйсафедони солхӯрдаеро, ки барои ибодат ба масҷид рафта буданд, қатл карданд.

"Ин ваҳшоният нест? Аз ин рафтори онҳо инсон дар ҳайрат мемонад. Ақл куҷост, инсоният, шарофат ва нангу номус куҷо шуданд? Бояд, ки шахси мусалмон ҳамеша аз рӯи ақлу хирад ва дурандешона амалу рафтор намояд”, – афзудааст Саидмукаррам Абдуқодирзода.

Раиси Шӯрои уламо иброз доштааст, ки ба қатл расонидани аҳолии осоишта, чӣ дар масҷид, чӣ дар навоҳии наздимарзӣ гуноҳи азим ва нобахшиданист.

"Ин таҷовуз аст, ин зӯроварист, ки одамонро барои ватанашон, барои хонаву дарашон омада, мепаронанд. Онҳое, ки хуни ноҳақ рехтаанд,  барои ҳар қатраи он дар ин дунё ва дар охират ҷазо мебинанд. Зеро Худовандаи азза ва ҷалла бегуноҳ ба қатл расонидани инсонҳоро намебахшад ва онҳо ҳатман ҷазояшро мебинанд", — гуфтааст Саидмукаррам Абдуқодирзода.

Ёдовар мешавем, ки 16-уми сентябр нерӯҳои низомии Қирғизистон бинои масҷиди ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамла қарор доданд ва дар натиҷа чандин 12 нафар сокини осоиштаи барои намозгузорӣ омада ба ҳалокат расиданд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.